Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи дуюми маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» адабиёти муосири Тоҷикистон ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии минтақа баррасӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ доданд.
Моҳномаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» ба Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECI) тааллуқ дошта, бо забони форсӣ дар 88 саҳифа ба нашр мерасад. Инчунин он дар шакли PDF ва китобча барои ҳама дӯстдорони фарҳанг ва муҳаққиқон дастрас мегардад.
Дар ин шумора мақолаҳо бахшида ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, аз ҷумла «Қофиласолори адабиёти Тоҷикистон» (зиндагӣ ва осори устод Садриддин Айнӣ), «Парчамдори шеъри Тоҷикистон» (устод Мирзо Турсунзода), «Пешгоми насрнависони тоҷик» (устод Сотим Улуғзода), зиндагӣ ва осори Қамбархон ва Муаззамхони Хуҷандӣ, Устод Мирсаид Миршакар ва Гулчеҳра Сулаймонӣ нашр шудаанд.
Ҳамчунин дар ин шумора Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардидаанд.
Нашри шумораи дуюми «Эконома» дар таҳкими равобити фарҳангӣ байни давлатҳо қадами муҳим мебошад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






