Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ҳамчун омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии мамлакат мебошад. Ҳамчун санади бунёдиву созандае аст, ки имрўз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад. Ин матлабро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ, ки таҳти унвони «Конститутсия — кафили истиқлолисти миллӣ» баргузор гардид, баён намуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арҷгузорӣ ба ин санади муҳим таъкид намуданд, ки: «ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷонӣ, виҷдонӣ ва имонии ӯст».
Дар ҳамоиш маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Дар ин маърузаҳо, аз ҷумла таъкид шуд, ки Конститутсияи амалкунандаи давлатамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ, пойдорӣ, таҷассумгари давлату давлатдорӣ, зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.
«Маҳз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти давлати мустақили Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқӣ барои рушди давлати навини Тоҷикистон мусоидат намуда, самтҳои инкишофи онро муайян менамояд», — иброз намуданд иштирокчиён.
Дар ҳамоиш инчунин вобаста ба таҳкиму такмили асосҳои конститутсионӣ, рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи равандҳои демократикунонӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои он бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ фикру андешаҳо баён карда шуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт






