Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишнома дар Гренада зимни мулоқоти муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин ва президенти Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Мариос Лукас ба имзо расид.
Санади имзошуда фарогири якчанд имконияти нав барои донишҷӯёни тоҷик буда, роҳҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз боз менамояд.
Тибқи мувофиқаи тарафайн, донишҷӯёни тоҷик аз тахфифҳои махсуси таҳсил, имкони гузаронидани коромӯзӣ ва резидентура, инчунин қабули бевосита ба зинаи бакалаврият бе расмиёти иловагӣ бархурдор мегарданд. Донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар се давлат- Гренада, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳанд. Ин имконият барои роҳ кушодани барномаҳои байналмилалӣ ва афзоиши дастрасии донишҷӯён ба таҳсилоти босифат мусоидат мекунад.
Дар доираи ин созишнома Донишгоҳи Сент-Ҷорҷ бояд барои ҷавонони тоҷик теъдоди ҷойи қабулро зиёд кунад. Илова бар ин, донишҷӯён имкони дарёфти раводид бо маблағгузории донишгоҳ, ҳамчунин суғуртаи тиббии ройгон хоҳанд дошт.
Дар ҷараёни музокирот таъкид шуд, ки васеъ шудани чунин имконият барои ҷавонони тоҷик дар рушди кадрҳои баландихтисоси байналмилалӣ саҳми муҳим мегузорад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






