Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Ноябрь 21, 2025 16:05

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи оммавии Адиан Отюкени шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 7-уми директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид. Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода иштирок дорад.

Ҳадафи баргузории ҷаласа мубодилаи таҷриба дар бахшҳои китобдорӣ, такмили донишҳои касбӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути навовариҳои рақамӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва густариши ҳамгироии иттилоотӣ байни кишварҳои аъзои  Сохмони ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Ҷумахон Файзализода зимни ҷаласа иброз дошт, ки солҳои охир нақши китобхонаҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйир ёфта, онҳо ба зерсохтори муҳими фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Дар шароити ҷаҳони муосир иттилоот ба бузургтарин захираи стратегӣ барои рушди давлатӣ ва ҷомеа табдил ёфта,  аҳаммияти он дар ташаккули худшиносии миллӣ ва маҷмуи маҳсулоти миллӣ пайваста меафзояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон то имрӯз низоми таҳияшудаи китобхонавӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ 6084 китобхонаи вазорату идораҳоро дар бар мегирад. Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии иттилоотӣ ва ҳифзи мероси хаттии миллӣ фаъолият мекунад. Он дорои бузургтарин маҷмуаи ҳуҷҷатҳои миллӣ ва осори марбут ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон мебошад. Феълан дар ин китобхона беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ, 325 ҳазор нашрияи электронӣ ва китобхонаҳои шахсии академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

«Дар ганҷинаи осори хаттии ниёгони Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2300 асари таърихии халқи тоҷик ва дигар халқҳо ҳифз мешавад. Дар намоишгоҳи «Осорхонаи китоб» зиёда аз 100 нусхаи нодири дастнависҳои асрҳои XIII–XIX муаррифӣ гардид, ки хонандагон метавонанд онҳоро омӯзанд»,-иттилоъ дод директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон системаи нави автоматии иттилоотиро дар асоси барномаи китобхонаии ALEPH амалӣ кардааст, ки он дар фаъолияти китобхонаҳо дар саросари ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Ин китобхона дорои 226 истгоҳи кории худкоравтоматӣ (AWS) буда, барои кобарон беш аз 400 истгоҳ таъсис дода шудааст.

Утоқи захираҳои электронӣ ба корбарон ҳуҷҷатҳои электрониеро, ки дорои маводи иттилоотӣ, истинодӣ, таълимӣ ва таҳқиқотӣ мебошанд, пешниҳод мекунад. Қисми зиёди маҷмуаи утоқи захираҳои электронӣ аз CD, DVD ва дигар дискҳои оптикӣ иборат аст. Хизматрасониҳое, ки дар ин утоқ пешниҳод карда мешаванд, дастрасии ройгон ба захираҳои интернетӣ ва пойгоҳҳои додаҳои матнии пурра аз бузургтарин марказҳои иттилоотии ҷаҳонро дар бар мегиранд. Утоқи захираҳои электронӣ 170 истгоҳи кории корбар дорад, ки ҳамаи онҳо автоматӣ мебошанд.

Дар даҳ моҳи соли 2025 1855 китоб баробар ба 506 ҳазору 220 саҳифа  рақамӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2024  324 нусха зиёд мебошад. Бо назардошти талаботи корбарон соли 2025  12490 саҳифа китобҳо рақамӣ карда шуданд.

Дар айни замон маҷмуаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷкистон 354 ҳазору 021 китобро дар бар мегирад. 3 миллиону 444 ҳазору 436 китоб дар китобхонаи электронӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласа аз самти ҳифзи матбуоти даврӣ ёдовар шуда, гуфт, ки дар китобхона 1 миллиону 825 ҳазору 337 нусхаи рӯзномаю маҷаллаҳои чопӣ ва электронӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Танҳо соли 2025 134 ҳазору 832 саҳифаи рӯзнома ва маҷаллаҳо рақамӣ карда шуданд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 21, 2025 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд