Намояндаи Тоҷикистон дар Муколамаи Манама иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр – 2 ноябр дар шаҳри Манамаи Подшоҳии Баҳрайн муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Муколамаи Манама (IISS Manama Dialogue), ки аз ҷониби Институти байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ (IISS) ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн ташкил гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни баргузории чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва субот дар минтақа, таҳдидҳои глобалӣ, дипломатияи пешгирикунанда, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика ва амнияти баҳрӣ баррасӣ гардиданд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд имконият фароҳам овард, ки кишвар мавқеи худро оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ иброз намояд ва робитаҳои мутақобилан судмандро бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд






