Парвозҳои мунтазам дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш оғоз гардиданд

Ноябрь 27, 2025 14:14

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз парвозҳои мунтазам дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш оғоз гардиданд. Парвозҳо дар ин хатсайр аз ҷониби ширкати Fly.tj ҳафтае як маротиба- рӯзи панҷшанбе ба роҳ монда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози парвозҳо дар ин масир дар доираи таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ба роҳ монда шудааст. Парвозҳо дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш аз ҷониби ширкати Fly.tj анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона баргузор гардид. Зимни он парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ва хатсайри Киш – Душанбе – Киш баррасӣ гардиданд.

Бояд иброз намуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат барои тамоми намуди хизматрасониҳо ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ карда шудааст. Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории авиатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки то ин муддат байни ду мамлакат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии «Вориш Эйрлайнз» парвозҳо анҷом медоданд.

Инчунин 17 ноябр парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймон Эйрлайнз» оғоз гардиднд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2025 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид