РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Тоҷикистон сабадбофӣ бо шакли муосир рушд меёбад

Ноябрь 22, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд менамоянд. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд шуда, навъҳои гуногуни ҳунар низ рушд меёбад.

– Сабадбофӣ яке аз ҳунарҳои мардумии қадимии халқи тоҷик мебошад, ки дар ҳаёти моддии мардуми тоҷик аз замонҳои бостонӣ то имрӯз идома дорад. Имрӯзҳо дар мамлакат сабадбофӣ дар баробари дигар навъҳои ҳунар рушд намуда, ба яке аз манбаъҳои даромад барои ҳунармандон табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки бофтани сабад маҳорати махсусро тақозо менамояд. Маъмулан сабадро аз навдаи дарахтҳои гуногун мебофанд, ки онро химча низ мегӯянд. Ҳунари сабадбофӣ қариб дар ҳама ҷо монанд аст. Вале ҳангоми бофтани сабад ҳар ҳунарманд барои хушсифат ва бозоргир шудани маҳсулоташ маҳорат нишон медиҳад. Сабадбоф навдаҳои борику дароз ва барои сабадбофӣ муносибро аз дарахти тут, бед сияҳбед, сафедор, анор, биҳӣ, олуболу, най (қамиш), ирғай ва монанди инҳо бурида, ҷамъ меоварад.

Дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» вобаста ба ин навъи ҳунармандӣ чунин маълумот дода шудааст:  ҳунарманд аввал навдаҳоро барои осон шудани кор чанд рӯз дар соя ва ё офтобрӯя  мегузорад, то ки андаке обаш парида, чандирӣ шавад. Агар навдаҳо хушк бошанд, онҳро ба об тар мекунанд, то ки ҳангоми бофтан нашикананд. Ду тарафи нӯги навдаро ба мисли нӯги қалам метарошанд ва баъд навдаҳои хурду калонро ҷудо мекунанд. Пеш аз шуруи кор сабадбоф ҳамаи онҳоро дар шакли доира мегузорад. Баъдан як-як онҳоро гирифта, аз қисми поини сабад ба бофтан шурӯъ менамояд. Ҳамин тавр, қисми болои сабадро низ бо тартиби хос мебофад. Пас аз бофтани сабад онро ба ҷойи махсус мегузоранд, то ки хушк шавад. Баъд аз омода шудани сабад онро бо таври дилхоҳ ранг кардан мумикин аст.

Ба андешаи ҳунармандон, сабадҳое, ки аз навдаҳои сияҳбед бофта мешаванд, сифати хуб доранд. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3–4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд. Бархе аз сабадбофон сабади омодаро аз об гирифта, чанд рӯз ба намад ва ё латтаҳои ғафс печонида, 4–5 рӯз дар таҳхона ва ё хонаи торики сард мегузоранд, то ки сабад қолаб гирад.

Дар замони муосир сабадбофон маҳсули дастии худро бо шакли муосир, салиқаи хос, зебу ороиши махсус, аз навдаҳои гуногун, ҳатто бо гулпардозӣ омода месозанд. Ин гуна сабадҳо ҳамчун асбоби ороиши рӯзгор дар рафу ҷевонҳо гузошта мешаванд. Ҳоло сабадро аз сим, пояи гандум, маводи пластикӣ, резин ва ҳатто аз коғаз низ мебофанд.

Сабадҳои бофтаи ҳунармандонро имрӯз дар аксар хонаҳо дидан мумкин аст, зеро дар хона барои нигоҳдории китобҳо, бозичаҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳамчун гулдони ороишӣ истифода мебаранд. Дар корхона онро барои нигоҳдории ашёи конселярӣ, ашёи хурд ва ороиши мизу рафҳо мегузоранд.

Имрӯзҳо сабадҳо дар тӯйю маъракаҳои мардум ҳамчун ашё барои гирифтани маҳсулоти нонӣ ва дар дастурхонҳо барои мевагузорӣ истифода мешаванд. Ҳамзамон дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби ҳунармандон меваю сабзавот ва донагиҳо ба намоиш гузошта мешаванд, ки рамзи эҳёи ин навъи ҳунар, маҳорати ҳунармандон ва муаррифии маҳсулоти дастии онҳо мебошад.  Яъне, сабадҳои муосир ҳам амалӣ ва ҳам ороишӣ мебошанд ва дар ҳар ҷое, ки зебоӣ лозим аст, истифода мешаванд.

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар замонҳои пеш дар Осиёи Марказӣ дӯкону растаҳои махсуси сабадбофӣ ва сабадфурӯшӣ вуҷуд доштаанд, ки мардум аз он ҷо барои истифодаи рӯзгор сабади дилхоҳи худро харидорӣ мекарданд.

Дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» оварда шудааст, ки дар байни мардум таъбири «гули сари сабад» зиёд ба кор меравад. Ин аз он сабаб аст, ки сабадҳо ҳамчун зарфҳои гулгирӣ истифода мешуданд ва дар он миён зеботарини гулҳо намоишкорона ҷой карда мешуд.

«Ҳамчунин дар баъзе ҷойҳо истилоҳи «сабадчин» ба кор бурда мешавад. Маъмулан ангурро чида, ба сабад ҷо мекунанд, ҳангоми ҷо кардан як қабат барги ток ва як қабат ангур мегузоранд, то ки ангур чанд рӯз солим нигоҳ дошта шавад. Сабадчин кардани ангур нозукиҳои хоси касбӣ дошт, ки на ба ҳама муяссар мегардид»,-навишта шудааст дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик».

Ҳунари сабадбофӣ ҳоло низ дар байни мардуми тоҷик ривоҷ дорад. Ҳоло сабадбофҳо аз маҳсулоти мухталиф сабадҳои зинатии хурду калон мебофанд, ҳамчунин ашёи ороишиеро, чун табақ, табақча, коса, офтоба ва ғайра бофта, пешкаши мардум менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 19 ҳазору  257 нафар ҳунармандони истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Онҳо ба навъҳои гуногуни ҳунармандӣ, аз ҷумла сабадбофӣ, кордсозӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, порадӯзӣ, шонасозӣ, гилембофӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ва тоқидӯзӣ машғул ҳастанд.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 22, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Оид ба муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир конфронси байналмилалӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
«ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Ҷумҳурии Арабии Миср маҷалла бо забони арабӣ нашр гардид
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо 7 забон тарҷума ва нашр гардид
Дар шаҳри Дюсселдорф барномаи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд
Ба беш аз 13 ҳазор оилаи ноҳияи Муъминобод «Шоҳнома»-и безавол тақдим мегардад
Оид ба фаъолият ва рӯзгори сиккашиноси маъруфи тоҷик конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд