Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад

Ноябрь 8, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати  қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.   Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар ноҳияи  Восеъ бо иштироки  таърихнигорону бостоншииносони давлатҳои гуногун дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ки бозётфҳое, ки аз девормусввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намуна аз хати забони тоҷикӣ мебошанд.

Дар доираи баргузории ҳамоиш якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» дар назар аст. Инчунин сабти филм вобаста ба шаҳрҳои Хутали қадим низ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ, аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд