Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатиро ботантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳия ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ Роҳбарияти ноҳия сокинонро бо ҷашни Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамчун иқдоми олии ватандӯстона ба оини давлатдорӣ ва зиндагию тафаккури халқи тоҷик мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун падидаи бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат ҳамчун посдорандаи муқаддасоти миллии тоҷикон иброз намудаанд, ки: «тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангиро бо аксар кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд».
Парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, рамзи муқаддаси давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ дар шуури ҳар фарди бонангу ори ҷомеа мебошад. Парчам ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарварро водор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Он бо рангу тарҳи худ моро бо таърихи пурифтихори давлатдории миллӣ, қаҳрамонию мардонагӣ ва ваҳдати миллӣ шинос мекунад»,- изҳор дошт Роҳбарияти ноҳия.
Таъкид гардид, ки давоми таърих халқи тамаддунсолори тоҷик вобаста ба ҳадафу мақсадҳои сиёсӣ ва муборизаю таҳдидҳои бегонагон ҳеҷ гоҳ парчами худро аз даст надода, онро ҳамчун муқаддасоти олӣ, нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат ҳифз намудааст.
«Аз ҳамин лиҳоз ҳар нафари мо, махсусан ҷавононро зарур аст, ки таҳти сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парфишонии Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, арзишҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоламонро сарбаландона ҳифз намоем»,- гуфта шуд дар чорабинӣ.
Эҳтиром ба Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба руҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакию Фирдавсӣ ва садҳою ҳазорон абармардони гузаштаи мо мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон


















Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






