Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд

Ноябрь 9, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа», «маҳал ба маҳал» ва «хона ба хона» суҳбату вохӯрӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ идома доранд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар доираи ин чорабиниҳо,  занону духтарон малака ва истеъдоди ҳунармандии худро муаррифӣ менамоянд, ки барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби анъанаҳои ниёгон аҳамияти хосса доранд.

Чанде қабл дар ҷамоатҳои деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  мақомоти дахлдор бо усули «деҳа ба деҳа» чорабинии маърифатӣ гузаронида шуд.

Зимни чорабинӣ занону духтарони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намуданд. Занони ҳунарманд ва рӯзгордидаи ҷамоат барои ҷавондухтарон оид ба  тарзи омода намудани таомҳои миллӣ, пӯхтани анвои нонҳои гуногун ва ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик маълумот доданд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарғиботӣ барои омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки онҳо  малака ва истеъдодҳои худро дар самти ҳунарҳои мардумӣ инкишоф диҳанд  ва ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии худро тақвият бахшанд.

Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули «деҳа ба деҳа» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар доираи ин тадбир,  гурӯҳӣ корӣ, ки аз ҳисоби намояндагони Кумита, фаъолзанон ва омӯзгорон таъсис дода шуда буд, вобаста ба масъалаҳои аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва оилавӣ, баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии зӯроварӣ дар оила, тарбияи дурусти фарзандон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим вохӯриҳои судманд гузарониданд.

Ҳамзамон ба занону духтарон оид ба имкониятҳои дастгирии давлатӣ дар самти соҳибкории хурду миёна, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар давраҳои омӯзишӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ  маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳунармандии занон на танҳо манбаи даромад, балки василаи эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими пояҳои иҷтимоии оила мебошад.

Занони ҳунарманди ин ҷамоат низ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, нақшдӯзӣ дар либосҳои миллӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Таъкид гардид, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва тарғиби либоси миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти бузург дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд дар нуҳ моҳи соли равон Кумита ва зерсохторҳои он тавассути усули «хона ба хона» бо 1 миллиону 22 ҳазору 313 оилаҳо суҳбату мулоқотҳо  анҷом доданд. Бо усули «маҳал ба маҳал» ва  «деҳа ба деҳа» 9513 ва бо усули «мактаб ба мактаб» 2613 корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотӣ анҷом дода шуд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, тарзи тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва ба онҳо омӯзонидани ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст.

Мақсад аз гузаронидани усули «деҳа ба деҳа», «маҳал ба маҳал» ва «хона ба хона» — ин пеш аз ҳама, рушди маҳал, гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ, тозагии кӯчаву хиёбонҳои маҳалла, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд