Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2026 /АМТИТ «Ховар»/. Ду адиби тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 соҳиби унвони «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардида, дар он беш аз 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.
Нахустин маротиба ду адиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон- Абдуқаҳҳори Қосим ва Гулноз Тоҳириён бо ин унвон сарфароз гардонида шуданд.
Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин дар конфронсҳои «Пайванди миллатҳо» ва маҳфили «Шоми сафеди сулҳ» бо забони ноби тоҷикӣ шеър қироат намуда, ҳозиринро мафтуну шефтаи ҷозибаи забони тоҷикӣ гардонид. Абдуқаҳҳори Қосим инчунин бо унвони доктори фахрии илмҳои гуманитарӣ ва санъат сарфароз гардонида шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд






