Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок рушд меёбад

Декабрь 4, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, рушди энергетика ва саноат, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, содагардонии низоми рафтуомад, афзоиши парвозҳои мустақим, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин тақвияти амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон барои рушду таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баланд бардоштани иқтидори савдо байни ду давлат омодагии комил доранд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад
Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии рушд ба имзо расид
Намояндагони Тоҷикистон дар 11-умин Саммити ҷаҳонии ҳалол иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон кишти гандуми тирамоҳӣ идома дорад
Дар Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад