Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар барои 460 нафар пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки 25 декабри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ буда, барои 460 нафар пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯз, ҳамчунин бо иштироки Пешвои миллат ҷиҳати сохтмони бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 рахти хоб хоҳад буд, санги асос гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар баробари рушди соҳаи таълим ба дастгирии иҷтимоии устодону донишҷӯёни эҳтиёҷманд низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар бинои хобгоҳи ифтитоҳгардида барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии муосир, аз ҷумла утоқҳои барҳавои хоб, толорҳои мутолиа, китобхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 тибқи раддабандии Агентии назорати давлатии соҳаи маориф Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тавонист мавқеяшро дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳифз намояд.
Тибқи иттилои масъулин, дар назди донишгоҳ як литсейи вобаста, Институти илмӣ-таҳқиқотии табиатшиносӣ ва техникӣ, Маркази Мавлоношиносӣ, маркази касбомӯзӣ, се маркази забономӯзӣ, аз ҷумла марказҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, забон ва фарҳанги Корея фаъолият доранд. Дар баробари ин донишгоҳ дорои 14 факултет ва 45 кафедра мебошад. Ба ҳолати моҳи июли соли равон, 621 омӯзгор дар донишгоҳ ба таълим ва таҳқиқ машғул буда, аз ин шумора 21 нафар докторони илм ва профессорони доимӣ, 205 нафар дотсентону номзадони илм ва 395 нафар саромӯзгорону ассистентон мебошанд. Ҳиссаи умумии омӯзгорони унвондор дар донишгоҳ 36,3 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба зиёда аз 15 ҳазор нафар мерасад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






