ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд

Декабрь 15, 2025 10:48

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани ҷавони тоҷик Хусравхон Раҳимов дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори медали нуқра гардид. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.

Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввал ба муқобили намояндаи Лесото Тока Литабе ба тариқи нокаут дар раунди дуюм пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ- Сигвела Масибулеле неру санҷид ва бо қарори доварон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба марҳилаи нимниҳоӣ баромад.

Хусравхон Раҳимов дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Узбекистон ғалаба карда, ба финал баромад. Ҳамин тавр, ӯ аввалин муштзани тоҷик шуд, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Дар финал Хусравхон Раҳимов бо намояндаи Қазоқистон – Оразбек Асилқулов рақобат карда, бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ин аввалин медали нуқра дар таърихи бокси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон мебошад. Ба ғайр аз медали нуқра ба Хусравхон Раҳимов дар ҳаҷми 150 000 $ ҷоиза тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Дубай муштзани 25-солаи тоҷик, чемпиони Осиё дар соли 2024 Акмал Убайдов дар вазни 60 кг соҳиби нишони биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 75 000 доллар гардид. Бо ҳамин тартиб, муштзанони тоҷик Чемпионати ҷаҳонро бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба анҷом расониданд.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳама вазнҳо 13 нафар иштирок карданд. Аз байни онҳо ду нафар – Хусравхон Раҳимов ва Акмал Убайдов бо медал бармегарданд. Ғолибони ҷойи якум дар ҳар вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати XXIII ҷаҳон оид ба бокс байни мардон дар соли 2025 аз 2 то 13 декабри соли 2025 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 15, 2025 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад