Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар таҳсил, илм ва истеҳсолот» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Конференсия ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) бахшида шуд. Дар он мавзуъҳои «Нақши зеҳни сунъӣ дар таълими машғулияти онлайнӣ дар ҷараёни таълим», «Татбиқи методи пӯлод дар арзёбии объективонаи дониши хонандагони синфҳои 7-ум аз фанни физика» ва «Арзиши маҳсулоти иттилоотӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ» баррасӣ карда шуданд.
Конференсия бахшҳои «Масъалаҳои мубрами технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва коркарди додаҳо», «Масъалаҳои мубрами математикӣ ва татбиқи он», «Татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ва алгоритмсозии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун» ва «Методикаи муосири татбиқи технологияҳои рақамӣ дар таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ»-ро фаро гирифт.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






