Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба маърифати молиявии аҳолӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи «Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ» эълон гардидани солҳои 2025–2030 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, конференсияи байналмилалӣ дар чор бахш доир шуда, дар он беш аз 140 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷи мамлакат маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.
Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки «дар марҳалаи муосири рушди иҷтимоию иқтисодӣ муаммои саводнокии молиявии аҳолӣ хеле муҳим гардидааст. Агар дар ибтидои асри ХХ яке аз шартҳои саноатикунонӣ аз байн бурдани бесаводии аҳолӣ ба ҳисоб мерафт, пас дар ибтидои асри XXI саводнокии молиявӣ шарти ташаккули ҷомеаи баъдисаноатӣ мебошад».
Ҳамчунин иброз шуд, ки афзоиши саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки барои пешрафти иқтисодиёт ва рушди бонкдорӣ боис мешавад.
Афзоиши саводнокии молиявии аҳолӣ дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардида, мутобиқи он дар назди вазорату идораҳои дахлдори давлат амалигардонии тадбирҳои муҳим барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум дар назар дошта шудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид






