Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба иттилои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023 дар ҷумҳурӣ раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи шаффофияти гардиши мол, таҳкими назорат ва мутобиқ намудани равандҳои гумрукӣ ба талаботи замони муосир равона гардидааст.
Аз 1 июли соли 2024 рамзгузории электронии тамокуи коркардшуда, маҳсулоти дорои никотин, сигорҳои электронӣ, ҳама намуди спирт ва машрубот, инчунин нӯшокиҳои энергетикӣ оғоз гардид. Ин иқдом ба шаффофсозии гардиши молҳо, пешгирии муомилоти ғайрирасмӣ ва баланд бардоштани назорати давлатӣ равона шудааст.
Бо мақсади иҷрои пурраи қарор дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ шуд. Гурӯҳи корӣ мунтазам бо намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технология Групп», ки ҳамчун оператори расмии пайгирнамоии муомилоти мол муайян шудааст, ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҷараёни ин ҳамкорӣ масъалаҳои ҳамгироии низоми иттилоотии мақомоти гумрук бо низоми рамзгузории электронӣ, тартиби дарёфти QR-рамзҳо аз ҷониби воридкунандагон, додугирифти маълумоти зарурӣ ва дигар ҷузъиёти техникии раванди пайгирнамоии молҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ба воҳидҳои сохтории гумрук супориш дода шудааст, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молҳои ҳатмӣ рамзгузоришаванда рамзи электронии Datamatrix ҳатман дар сутуни 31 Декларатсияи гумрукии бор дарҷ карда шавад.
Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон омӯзишҳои махсус оид ба истифодаи низоми рамзгузории электронӣ гузаронида шуда, дарсҳои маҷозӣ бо истифодаи видеомавод ва рӯнамо аз ҷониби мутахассисони оператор – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технология Групп» доир шуданд.
Бо назардошти он ки аз 1 январи соли 2025 рамзгузории электронии воситаҳои доруӣ ва молҳои тиббӣ ҷорӣ гардид, бо раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва воридкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Воридкунандагон вазифадор карда шуданд, ки пеш аз оғози марҳилаи нав бо оператор шартнома баста, рамзҳои электронӣ дарёфт намоянд.
Дар айни замон низоми иттилоотии мақомоти гумрук бо низоми мақомоти андоз пурра ҳамгиро шудааст. Маълумоти марбут ба барасмиятдарории гумрукии молҳои рамзгузоришаванда ба таври ҳамарӯза ба мақомоти андоз пешниҳод мегардад, ки ин имкони назорати самаранок ва пешгирии қонунвайронкуниҳоро фароҳам меорад.
Бо мақсади мусоидат ба дастрасии QR-рамзҳо, ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Муқаддас» хизматрасонии чопи рамзҳоро ба роҳ мондааст. Иқтидори техникии ширкат имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз аз 10 ҳазор то 2 миллион рамз чоп ва ба мизоҷон пешниҳод гардад.
Хадамоти гумрук таъкид менамояд, ки татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023 ҷараёни муҳим дар самти шаффофияти муомилоти молҳо ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Корҳо дар ин самт минбаъд низ бо ҷалби тамоми захираҳо ва ҳамкории байниидоравӣ идома меёбанд.
Илова бар ин, ҷорӣ намудани системаи рамзгузории электронии молҳои нӯшокӣ ва доруворӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии рақамикунонӣ ба шумор рафта, барои таъмини иқтисодиёт аз шаклҳои гуногуни қочоқ, гардиши ғайриқонунии маҳсулот ва кам кардани хавфҳои марбут ба саломатии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Истифодаи рамзҳои электронии мутамарказ имконият медиҳад, ки ҳар бастаи маҳсулот аз лаҳзаи истеҳсол ё воридот то нуқтаи ниҳоии фурӯш назорат карда шавад.
Ин механизм дар баробари баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти соҳибкорон, ба такмили низоми баҳисобгирии гумрук ва андоз, пешгирии гардиши молҳои ғайристандартӣ ва тақвияти амнияти иқтисодӣ мусоидат менамояд. Бо татбиқи пурраи система интизор меравад, ки сатҳи масъулияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон бештар гардад ва истеъмолкунандагон имкони санҷиши мустақими ҳаққонияти маҳсулотро тавассути смартфон дарёфт намоянд.
Ҳамзамон ба роҳ мондани чунин система ба мутобиқ намудани инфрасохтори бозор ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди рақобатноки истеҳсолоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд






