Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласа доир шуд.
Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа тибқи дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба амнияти давлат ва баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат таҳқиқу баррасӣ гардиданд.
Ҳифзи амнияту суботи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, таҳкими ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар самти ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои моддӣ-техникӣ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






