Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» иштирок намуд

Декабрь 7, 2025 08:39

ДУШАНБЕ, 07.12.2025  /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Донишгоҳи миллии Чи Нани Тайван маросими расмии эълони натиҷаҳои баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» (UI GreenMetric World University Rankings 2025) баргузор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол дар ин рейтинг 1845 донишгоҳ аз 105 кишвари ҷаҳон иштирок намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба ин баҳогузории ҷаҳонӣ дохил гардид. Тоҷикистонро дар ин баҳогузорӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карданд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар натиҷаҳои умумӣ дар байни донишгоҳҳои ҷаҳон ҷойи 810-ум ва дар раддабандии миллӣ мақоми аввалро ишғол намуд.

Ҳамчунин донишгоҳ дар ду зерраддабандии махсуси «UI GreenMetric» натиҷаҳои баланд нишон дод. Дар ҷаҳон дар байни донишгоҳҳои дорои теъдоди миёнаи донишҷӯён ва кормандон ҷойи 301-ум, дар байни донишгоҳҳои дорои масоҳати миёна ҷойи 417-умро ишғол намуд.

Бояд гуфт, ки баҳогузорӣ дар «UI GreenMetric» аз рӯи 6 меъёри асосӣ анҷом дода мешавад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар маҷмуъ 5885 хол ба даст овард, аз ҷумла: инфрасохтор ва муҳити кампус – 925 хол, энергетика ва иқлим – 1235, истифодаи самараноки об — 650, идоракунии партовҳо – 512,5, нақлиёти устувор – 1200, илм, таълим ва таҳқиқот дар самти рушди устувор – 1362,5 хол.

Иброз шуд, ки таъмини рушди устувор яке аз авлавияти стратегии байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ барои густариши инфрасохтори «сабз», истифодаи энергияи каммасраф, саранокии истифодаи об, коҳиш ва коркарди партовҳо, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва вусъат додани таҳқиқоти инноватсионӣ кӯшиш намуда, дар такмили иқтисоди «сабз» ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Декабрь 7, 2025 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид