Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»

Декабрь 16, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои амалисозии иқдоми созанда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии мамлакат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Сарвари давлат Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки барои бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахию нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин иброз намуданд, ки Парламенти мамлакатро зарур аст барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқӣ ва гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯӣ намоянд.

Таъкид шуд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсияи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид