Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 декабр дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии санъати халқии «Сӯзании Панҷакент» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Фестивал ба ифтихори ворид шудани шаҳри Панҷакент ба Феҳристи «Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ» баргузор шуда, дар доираи он баргузории намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент», экспозитсияҳои ҳунармандони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, конференсияи илмӣ-назариявӣ ва тамошои мавзеъҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст.
Чорабиниҳои асосӣ дар Кохи Лоиқ ва Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон шаҳри Панҷакент аз ҷониби «Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» ба таври расмӣ чун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид.
Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимии сӯзанидӯзӣ аст, ки аз умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша дорад.
«Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, барои рушд додани соҳаи иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ фаъолият мекунад. Созмон шаҳрҳоеро, ки дар пешбурди мероси ҳунарӣ фаъоланд, ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ» эътироф менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






