Густариши ҳамкории илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Корея баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаи густариши ҳамкории илмӣ-таълимӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ба роҳ мондани барномаҳои муштараки омӯзишӣ, ташкили даврҳои омӯзиши забони кореягӣ ва баргузории ҳамоишҳои фарҳангиро самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо ба тавсеаи муҳити омӯзиши забон мусоидат намуда, донишҷӯёнро ба омӯзиши забони кореягӣ бештар ҷалб менамояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин ёддошт дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ таъсис ёфт. Ин марказ ба густариши ҳамкории фарҳангию илмӣ мусоидат менамояд.
Давоми як соли фаъолияти марказ беш аз 100 нафар донишҷӯён аз омӯзгорони соҳибзабон дар бораи фарҳанг ва маданияти Корея маълумот гирифта, забони кореягӣ омӯхтанд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории созанда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






