«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба қабул гардидани қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази экологии ҷавонон» ва дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳит зист хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим дар ҷомеаи муосир яке аз мушкилоти глобалӣ маҳсуб шуда, тамоми давлатҳои дунёро нигарон кардааст.
Дар ҳамоиши омӯзишӣ намояндагони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Дӯстию Ҷайҳун иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ бештар огоҳонидани сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус ҷавонон аз раванди тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани маърифати экологии онҳо мебошад.
Иштирокдорон афзуданд, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, сиҳатии омма, олами набототу ҳайвонот таъсир расонида, дар ҳолати наандешидани тадбирҳои судманд ба ҳаёти инсон таҳдид менамояд. Дар ин самт ҷавонон бояд нақши муҳим дошта бошанд ва дар татбиқи ҳадафҳо аз технологияҳои муосир истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 12 декабр Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтум дар қароргоҳи ЮНЕП- шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд.
Қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Қатънома аз ҳама давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳоашонро дар самти андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд






