Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
ДУШАНБЕ, 20.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 декабри соли 2025 дар шаҳри Гургон, маркази остони Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи муаррифии гуногунрангии фарҳангии мардумони эронӣ ва таҳкими равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамфарҳанг доир шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат намояндагӣ карданд.
Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон дар доираи ҷашнвора гӯшаи махсуси миллиро ташкил намуда, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, атласу адрас, заргарӣ ва либосҳои суннатиро ба намоиш гузошта, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб кард.
Шаби фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон яке аз барномаҳои муҳимми ин ҷашнвора буд, ки дар он аз пайвандҳои таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии ду кишвар ёдоварӣ гардид. Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки забон ва тамаддуни муштарак заминаи мустаҳками ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон мебошанд. Таъкид шуд, ки чунин ҷашнвораҳо ба наздикшавии миллатҳо, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
Ҷониби эронӣ ин чорабиниро ҳамчун минбари ҳамгироии фарҳангии Эрон бо кишварҳои ҳамфарҳанг, аз ҷумла Тоҷикистон, арзёбӣ намуда, иштироки ҷониби тоҷикиро нишонаи равнақи равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар унвон кард.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруди «Ҳамдилии Тоҷикистону Эрон», ки муаллифи матни он шоири тоҷик Давлат Сафар ва оҳангсозаш мусиқидони эронӣ Аҳмад Баён мебошад, оғоз гардид. Меҳмонони ҷашнвора аз маснуоти дастии ҳунармандони тоҷик дидан намуда, аз савту навоҳои ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баҳравар гардиданд. Дар шаби фарҳангии Тоҷикистон, ки яке аз барномаҳои марказии ҷашнвора ба шумор мерафт, меҳмонон бо таъриху тамаддун, адабиёт ва суннатҳои миллии тоҷикон ошно гардиданд. Ин барнома дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.
Иштироки Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ ҳамчун як кишвари дорои тамаддуни куҳан, бозгӯкунандаи саҳми фаъоли он дар дипломатияи фарҳангӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои минтақа арзёбӣ гардид.
Дар доираи ҷашнвора мулоқоти муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии исломии Эрон Саидаббоси Солеҳӣ, намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ, муассисаҳои табъу нашри Эрон ва адибону фарҳангиёни кишварҳои иштирокдори анҷуман доир шуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба, чопи китоб, бозомӯзии мутахассисони соҳаи табъу нашр ва масоили дигари фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Ба ғайр аз Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ ҳамчунин гурӯҳҳои фарҳангӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими шаҳри Гургон ширкат варзиданд. Ҷашнвораи мазкур ҳар сол дар яке аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, ки имсол низ бо иштироки густурда ва таваҷҷуҳи зиёди мардум ва расонаҳо ҷамъбаст гардид.









Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид






