Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ

Декабрь 20, 2025 20:10

ДУШАНБЕ, 20.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 декабри соли 2025 дар шаҳри Гургон, маркази остони Гулистони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи муаррифии гуногунрангии фарҳангии мардумони эронӣ ва таҳкими равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамфарҳанг доир шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлат Сафар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат намояндагӣ карданд.

Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон дар доираи ҷашнвора гӯшаи махсуси миллиро ташкил намуда, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, атласу адрас, заргарӣ ва либосҳои суннатиро ба намоиш гузошта, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб кард.

Шаби фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон яке аз барномаҳои муҳимми ин ҷашнвора буд, ки дар он аз пайвандҳои таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии ду кишвар ёдоварӣ гардид. Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки забон ва тамаддуни муштарак заминаи мустаҳками ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон мебошанд. Таъкид шуд, ки чунин ҷашнвораҳо ба наздикшавии миллатҳо, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд.

Ҷониби эронӣ ин чорабиниро ҳамчун минбари ҳамгироии фарҳангии Эрон бо кишварҳои ҳамфарҳанг, аз ҷумла Тоҷикистон, арзёбӣ намуда, иштироки ҷониби тоҷикиро нишонаи равнақи равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар унвон кард.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруди «Ҳамдилии Тоҷикистону Эрон», ки муаллифи матни он шоири тоҷик Давлат Сафар ва оҳангсозаш мусиқидони эронӣ Аҳмад Баён мебошад, оғоз гардид.  Меҳмонони ҷашнвора аз  маснуоти дастии ҳунармандони тоҷик дидан намуда, аз савту навоҳои ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баҳравар гардиданд. Дар шаби фарҳангии Тоҷикистон, ки яке аз барномаҳои марказии ҷашнвора ба шумор мерафт, меҳмонон бо таъриху тамаддун, адабиёт ва суннатҳои миллии тоҷикон ошно гардиданд. Ин барнома дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.

Иштироки Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ ҳамчун як кишвари дорои тамаддуни куҳан, бозгӯкунандаи саҳми фаъоли он дар дипломатияи фарҳангӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои минтақа арзёбӣ гардид.

Дар доираи ҷашнвора мулоқоти муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии исломии Эрон Саидаббоси Солеҳӣ,  намояндагони Вазорати  мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ, муассисаҳои табъу нашри Эрон ва адибону фарҳангиёни кишварҳои иштирокдори анҷуман доир шуд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба, чопи китоб, бозомӯзии мутахассисони соҳаи табъу нашр ва масоили дигари фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ ҳамчунин гурӯҳҳои фарҳангӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими шаҳри Гургон ширкат варзиданд. Ҷашнвораи мазкур ҳар сол дар яке аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, ки имсол низ бо иштироки густурда ва таваҷҷуҳи зиёди мардум ва расонаҳо ҷамъбаст гардид.

Декабрь 20, 2025 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид