ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад

Декабрь 28, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 28.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва ҷуворимаккаи дон аз кишти такрорӣ идома дорад. Дар ноҳия дар майдони 13 ҳазору 60 гектар кишти такрории зироати гуногун ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иттилоъ доданд.

Имсол дар ноҳия дар майдони 3200 гектар сабзӣ кишт шуда, айни замон зиёда аз 1000 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Деҳқонон аз ҳар гектар то 300 – 350 сентнерӣ ҳосил рӯёнидаанд. Маъракаи ҷамъоварии сабзӣ то моҳи январ идома хоҳад ёфт.

Аз майдони умумии заминҳои киштшуда 2900 гектар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 370 гектар ба аҳолӣ рост меояд. Барои ҷамъоварии сабзӣ зиёда аз 1000 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Кишоварзон иброз доштанд, ки дар муқоиса ба соли пешин имсол ҳосили хуби сабзӣ ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироати кишоварзиро ба 23 ҳазору 284 гектар расонидаанд. Заҳмати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар ноҳия афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 11 ҳазору 728 тонна картошка, 48 ҳазору 890 тонна ғалладонагӣ, 29 ҳазору 969 тонна меваҷот, 159 ҳазору 677 тонна сабзавот, 3 ҳазору 285 тонна ангур, 168 ҳазору 775 тонна полезӣ, 24 ҳазору 730 тонна шир, 5 ҳазору 255 тонна гӯшт, 23,9 тонна асал, 146,4 тонна моҳӣ ва 4 миллиону 146,9 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун дар парвариши меваҳои ситрусӣ низ, аз ҷумла афлесун, мандарин, грейпфрут, каламондин, кумкват, лайм ва лимӯ таҷрибаи ғанӣ дошта, сол то сол истеҳсоли онро зиёд менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун

Декабрь 28, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд