Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишори маълумоти паҳннамудаи Агентии иттилооти “Reuters”-ро доир ба гӯё музокироти идомаёбанда миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавриди ҷалби низомиёни Русия оид ба посбонии муштарак (гаштзанӣ)-и марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рад мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазорат таъкид менамояд, ки хабари мазкур ба воқеият мувофиқат надорад ва паҳн кардани чунин маълумоти бардурӯғ боиси фиреб додани аудиторияи байналмилалӣ хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро, ки ба таҳкими боэътимоди сарҳади давлатӣ нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд.
Вазъият дар сарҳади давлатӣ муътадил боқӣ монда, таҳти назорати пурраи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






