Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд

Декабрь 30, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муаррифии китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори мамлакат баргузор шуд.

Зимни муаррифии асарҳо иброз гардид, ки китоби «Масири сарнавишт» ба таҳлилу баррасӣ ва арзёбии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Дар ин китоб андешаҳои роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон, ходимони намоёни давлатӣ, инчунин мақолаҳои олимон, шоирон ва адибони сатҳи ҷаҳонӣ доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гирдоварӣ шудаанд.

Инчунин ҷанбаҳои муҳимми сиёсати давлатдории Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Дар баробари маводи таҳлилӣ меҳрномаҳо ва ашъори шоирону нависандагон дар васфи Пешвои миллат эҳсоси ватандӯстона, арҷгузорӣ ва сипосгузории мардуми сарфарози мамлакатро таҷассум менамоянд.

Китоби «Авсофи Пешво» ҳамчун гулдастаи меҳру садоқати шоирону нависандагони тоҷик муаррифӣ гардид, ки дар он хизматҳои шоёни меъмори давлатдории навини тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд. Асар сифатҳои волои  инсонӣ, ахлоқӣ ва роҳбарии Пешвои миллатро нишон дода, нақши ӯро ҳамчун роҳнамои миллат ва шахсияти таърихсоз дар даврони муосир бозтоб медиҳад.

Ин китобҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар ҷамъоварӣ, мураттаб ва ба низом даровардани маводи онҳо як гурӯҳ адибону муҳаққиқон ва сиёсатмадорон саҳми назаррас гузоштаанд.

Дар ҳамоиш яке аз мураттиби китобҳо, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз дошт, ки    ҷамъоварии мавод бо ҷалби андешаҳои шахсиятҳои маъруфи дохилӣ ва хориҷӣ гузаронида шуда, китобҳо ҳамчун манбаи муҳимми илмию маърифатӣ хизмат хоҳанд кард.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки чунин асарҳо барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳаммияти бузург доранд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд