Корманди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мутахассиси муносибатҳои байналмилалии сол –2025» гардид

Декабрь 22, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни байналмилалии «Ҷоизаҳои таълимии Лондон» LEAP 2025, ки бо иштироки намояндагони беш аз 70 давлати ҷаҳон баргузор гардид, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мубирхони Муминпур бо ҷоизаи «Мутахассиси муносибатҳои байналмилалии сол –2025» (International Relations Officer of the Year – 2025) сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Ин озмун, ки бо иштироки зиёда аз 400 донишгоҳу муассисаи таҳсилоти олӣ, ҳамчунин беш аз 260 роҳбари сатҳи баланд — ректорон, деканҳо, директорон ва садҳо омӯзгорони варзида аз 70 давлати ҷаҳон баргузор гардид, ба унвони яке аз минбарҳои бонуфузи муаррифии дастовардҳои илмӣ ва идоракунӣ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Ҷоизаи «Мутахассиси муносибатҳои байналмилалии сол–2025» ба шахсоне тақдим мегардад, ки дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории академӣ ва густариши имконияти таҳсилу таҳқиқот дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми назаррас доранд.

Озмуни байналмилалии LEAP-2025 аз ҷониби Муассисаи «Мактаби тиҷорати рақамии Лондон» (London School of Digital Business) баргузор гардид. Ин муассисаи таълимии маъруф ҳамасола муҳимтарин дастовардҳо ва навгониҳои самти маорифи ҷаҳонро таҳлилу баррасӣ намуда, озмунҳои гуногун мегузаронад.

Озмуни байналмилалии LEAP-2025 бо иштироки намояндагон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Федератсияи Русия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Австралия, Туркия, Фаронса, Олмон, Шветсия, Руминия, Италия, Испания, Португалия, Ҳиндустон, Ҷопон, Миср, Бразилия, Ҷумҳурии Корея, Судон, Молдова, Беларус, Уммон, Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тайиланд, Индонезия, Малайзия, Филиппин ва дигар кишварҳо доир гардид, ки гуногунрангии ҷуғрофӣ ва аҳамияти ҷаҳонии озмунро бозгӯӣ мекунад.

Эълони расмии ғолибон 25 сентябри соли 2025 ба тариқи маҷозӣ баргузор шуда, ба ғолибон шаҳодатнома пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 Муассисаи «Мактаби тиҷорати рақамии Лондон» (London School of Digital Business) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, субот ва эътирофи дастовардҳо бо ҷоизаи «Беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023 (LREA 2023)» низ қадрдонӣ намуда буд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Декабрь 22, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад