Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид

Декабрь 15, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Лондони Британияи Кабир дар доираи  Конфронси байналмилалии FIDIC International Contract Users’ маросими ҷоизасупории «FIDIC Contract Users’ Awards-2025» доир гардид, ки дар он лоиҳаи сохтмони пулҳо ва роҳҳои автомобилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар номинатсияи «Лоиҳаи сол» сазовори ҷоизаи байналмилалӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  ғолибони «FIDIC Contract Users’ Awards-2025» дар панҷ номинатсия — «Лоиҳаи сол», «Фармоишгори сол», «Пудратчии сол», «Тренери сол» ва «Ширкати ҳуқуқии сол» муайян карда шуданд.

Иброз гардид, ки ин ҷоиза бо мақсади эътирофи дастовардҳои барҷаста дар истифодаи стандартҳои FIDIC дар татбиқи лоиҳаҳо дода мешавад. Он ба беҳбуди шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсири назаррас мерасонад.

Сохтмони роҳ дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҳайати доварон маҳз барои он баҳои баланд гирифт, ки пурра ба панҷ принсипи «тиллоӣ»-и FIDIC мувофиқат намуд. Инчунин меъёрҳои миллӣ бо кодексҳо ва принсипҳои байналмилалии FIDIC-ро барои сохтмони устувор, бехатар ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим таъмин намуданд.

Тоҷикистон аввалин давлати Осиёи Марказӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаи «FIDIC International Contract Users’ Awards» гардид. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қаблан танҳо Федератсияи Русия (соли 2016) соҳиби ин мукофот шуда буд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд