Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия баргузор гардид, ки зимни он ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду давлат, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия зоҳир карда шуд. Дар ин замина вазъи кунунӣ ва дурнамои имзои якчанд созишнома ва шартномаҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои ду давлат муҳокима гардид. Ҳадафи онҳо зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия мебошад.
Татбиқи ин санадҳо ба таъмини устувории таъминот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротӣ мусоидат мекунад.
Дар охир ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






