Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ марҳилаи ниҳоӣ ва маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои оммавию варзишӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футбол ва таҳкими дӯстию ҳамбастагӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Ҷом, медал, Диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, барои ҷойи аввал дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-1 бо маблағи 35 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм дастаи Хатлон-2 бо 30 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм дастаи Хатлон-1 бо 25 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






