НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд

Декабрь 17, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур доданд, ки барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ карда шавад.

Ба иттилои мутахассисон, яке аз самтҳои арзишманди ислоҳот- ин ба сатҳи байналмилалӣ наздик сохтани низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти 12-сола) эътироф гардидааст. Зеро мутобиқи Декларатсияи шурои Аврупо (1992) таҳсилоти 12-соларо 216 кишвари ҷаҳон эътироф намудаанд.

Тибқи нишондодҳои ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 давлат аз 5-солагӣ, дар 129 кишвар аз 6-солагӣ, дар 23 мамлакат аз 7-солагӣ аллакай ҷорӣ буда, дар 25 мамлакати дунё таҳсилоти 13-сола аз синни 6-солагӣ амал мекунад, аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои назди Балтика (Литва, Латвия, Эстония), Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва ғайра.

Бояд иброз намуд, ки зарурати гузариш ба ин низом ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд. Зеро афзалияти гузариш ба Низоми таҳсилоти 12-сола инчунин дар ташкили таълим дар равияҳо, таҳсили касбӣ (дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусияти инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонӣ, такмили самарабахши таҳсили босифат ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа нақши муҳим хоҳад дошт.

Тавре мудири шуъбаи коркард, татбиқи технологияи инноватсионии таълим (таҳсилоти 12-сола)-и Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Салоҳиддин Амонӣ иброз намуд, ҳадафи ворид намудани тағйирот ба сохтор, аз ҷумла ба ташкили зинаи якуми таҳсилоти ибтидоии (5-сола), таъмини таълим дар равияҳо ва таҳсили касбӣ (дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи истеъдоду қобилияти хонандагон бо назардошти хусусияти инфиродӣ, яъне сатҳи омодагӣ барои соҳиб шудан ба ин ё он касбу ҳунар ва идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мешавад, хатмкунандагон дар баробари гирифтани аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ инчунин соҳиби шаҳодатнома дар бораи ин ё он ихтисос (касбу ҳунар) мегарданд.

Ба андешаи мутахассис, мазмуни барномаи таълими синфи 1-и 6-сола бояд дар асоси хоҳиш ва шавқу завқи бачагон, асосан мавзуъҳои шиносоӣ бо муҳити атроф, ташаккули салоҳияту малакаҳои ҳаётӣ, қобилияти муоширату муносибат, рушди малакаҳои гӯш кардан, фикрронӣ, баҳс кардан, мушоҳида кардан, баён кардан, пешниҳод кардан, шаклсозӣ (амсиласозӣ) ва ғайраро фарогир бошад ва ҳавасмандии хонандагони хурдсолро барои таҳсил дар зинаҳои баъдӣ муҳайё созад.

«Яке аз афзалияти қабул ба синфи 1 аз 6-солагӣ ва гузариш ба таҳсилоти 12-сола — ин беҳтар ва тақрибан як баробар зиёд гардидани фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Дар ҳолати фарогирии кӯдакони 6-сола ба таҳсил фардияти онҳо ошкор мешавад ва малакаҳои хондан, хат, ҳисоб, унсурҳои тафаккури эҷодӣ, риояи асосҳои гигиенаи шахсӣ ва ҳифзи саломатӣ дар онҳо бештар ташаккул меёбад», -иброз дошт Салоҳиддин Амонӣ.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад