Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 нафар олим ва муҳаққиқи ҷавони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишгоҳи давлатии «Дубна»-и Русия иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар доираи барномаи чорабинӣ иштирокчиён дар маърузаҳои олимони сатҳи байналмилалӣ, машваратҳои илмӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ иштирок намуда, бо самтҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, таҷҳизоти пешрафта ва инфрасохтори илмии шаҳри Дубна шинос гардиданд.
Чунин омӯзишҳо на танҳо дониши назариявиро васеъ мекунанд, балки дар рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ нақши муҳим доранд. Муоширати мустақим бо олимони ҷавони давлатҳои гуногун таҷрибаи нодири байналмилалӣ фароҳам меорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






