ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 30, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди мамлакатро муайян ва ғамхории давлат нисбат ба ояндаи миллатро ифода мекунад. Ин нукта дар ҳамоиш таҳти унвони  «Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар ҳамоиш самтҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ»  (16 декабри соли 2025) шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо  Иброҳимзода дар ҳамоиш

иброз дошт, ки дар ин санади муҳим ба масъалаҳои ҳифзи фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, таҳкими арзишҳои маънавии ҷомеа ва оламшумул намудани чеҳраҳои мондагор, олимону шоирони забардаст, қаҳрамонони асили таъриху фарҳанги тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ин нуктаҳо бо рисолати Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун махзани ганҷинаҳои миллат ҳамоҳанг мебошанд.

Инчунин аҳамияти нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо ва ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардида, бори дигар омодагии ҳайати Осорхонаи миллӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи самараноки ҳадафу мақсадҳои муайянгардида иброз ва  саҳми муассиса дар рушди фарҳанг, илм ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид карда шуд.

Ҳамзамон як зумра кормандони Осорхонаи миллӣ дар мавзуъҳои  «Паёми Пешвои миллат – омили пешбурди дипломатияи фаъоли фарҳангӣ», «Криосфера ва аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим», «Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ», «Мақоми зан дар рушди ҷомеа аз нигоҳи Пешвои миллат», «Паёми ҳидоятгар», «Ҷавонон — қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа дар партави Паёми Пешвои миллат», «Аз Марв то ЮНЕСКО — муҳаббат ба мероси Борбад», «Конун — таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе» маъруза намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард