ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид

Декабрь 12, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷамъбастии яке аз рӯйдодҳои барҷастатарини сол – Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гузаронида шуд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо аз Душанбе ва Хуҷанд бозӣ карданд. Ба ҳайси шарики генералии бозиҳо дар соли 2025 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» баромад намуд.

Ҷоми соли 2025 рӯйдоди воқеан муассир гардид: марҳилаҳои плейофф, аз ҷумла даври нимниҳоии «Сипар» – «Сомон» ва «Соро Компания»– «Истиқлол» теъдоди сершумори ҳаводорону мухлисонро ҷамъ оварда, сатҳи баланди иштирокчиёнро нишон дод. Дастаҳо исбот карданд, ки варзиши дӯстдоштаи онҳо аз футболи «калон» танҳо бо якчанд қоида фарқ мекунаду халос – шиддати шавқу рағбат нисбат ба футзал аз шавқу рағбат нисбат ба мусобиқаҳои бузург дар варзишгоҳҳо қариб фарқ надорад.

Дар даври ниҳоии мусобиқаҳо дастаҳои қавитарини мавсим – «Соро Компания»-и пойтахт ва «Сипар»-и Хуҷанд рақобат карданд. Дар натиҷаи мусобиқаи пуршиддат хуҷандиён ғолиб шуда, сатҳи воқеан баланди омодагӣ ва устувории натиҷаҳоро нишон доданд. Натиҷаи бозӣ – 3:2 бар фоидаи қаҳрамонон.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, раиси кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдузоир Исмоилов ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуданд.

«Ширкати мо бисёр мусобиқаҳои варзиширо дастгирӣ менамояд. Бо вуҷуди ин ҳар бор мо иштирокчиёнро чунин дастгирӣ мекунем, гӯё онҳо бори аввал бозӣ карда истодаанд. Маҳз дар ҳамин аст неруи варзиш, ки диққати нафарони мухталифро ба худ ҷалб месозад. Ҷоми 2025 рӯйдоди рангину барҷаста буд. Мутмаинам, ки он ба баландшавии мароқ нисбат ба футзал ва афзоиши теъдоди тоҷикистониёне, ки ба ин намуди дастрас ва ҳамзамон муассири варзиш машғул мебошанд, мусоидат хоҳад кард», — иброз  намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

«Дастгирии чунин шарики боэътимод ва неруманд, ба монанди «МегаФон Тоҷикистон» ба мо имкон медиҳад, ки мусобиқаҳо ба сатҳи нави касбӣ бароварда шаванд. Ҷоми соли 2025 аз ҷиҳати такмили маҳорати техникии иштирокчиён ҳам як қадами муҳим ба пеш буд. Ба ҳама дастаҳо барои бозӣ ва ба мухлисон барои фазои гуворою беназир миннатдорӣ баён менамоем», – изҳор дошт директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Декабрь 12, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад