«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд, озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.
Ҳамзамон озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.
Озмун дар се давр аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026 гузаронида мешавад. Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун моҳи апрели соли 2026 бахшида ба Рӯзи пойтахт доир карда мешавад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






