Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик расонида шуданд

Декабрь 30, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба беш аз 200 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 101 нафар ятимону бепарасторони Мактаб-интернати ба номи Раҳмон Шукур ва ба 121 нафар кӯдакони ятим ва бепарастори Интернати давлатии наздимактабии деҳаи Кангурт  ба номи Воҳид Бобоеви ноҳияи Темурмалик тақдим гардиданд. Туҳфаҳо аз либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм ва шириниҳо иборат буда, намояндагони Ҳукумати мамлакат онҳоро ба тарбиятгирандагони ин муассиса тақдим доштанд.

Гуфта шуд, ки таълиму тарбия ва фаъолияти мактаб-интернатҳо зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити буду бош ва таълими тарбиятгирандагони ин муассисаҳо рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Барои кӯдакони мактаб-интернат тамоми инфрасохтори соҳавӣ дар самти таълиму тарбия муҳайё гардидааст.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Декабрь 30, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид