Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад

Январь 4, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, «дар пойтахти мамлакат– шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имконияти муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми мамлакат ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад».

Сохтмони Театри миллӣ 17 марти соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.  Тарҳи он яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад.  Лоиҳаи он давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои давлатҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошад.

Театри миллии Тоҷикистон аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр аз 3 толори калон ва толору дафтарҳои сершумори кории дигар иборат мебошад.

Толори асосии он барои 2500 тамошобин пешбинӣ шудааст.  2 толори дигар- яке 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст хоҳанд дошт. Баландии толори асосӣ 18 метр буда,  дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир карда мешаванд.

Театр на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда низ хизмат карда, ҳамчун ёдгории оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ мемонад.

Ба андешаи аҳли фарҳанг, ин иқдоми шоистаи Президенти Тоҷикистон бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати давлатии мамлакат тарбияи насли ояндаи миллат  дар руҳияи фарҳангпарварӣ мақоми махсусро ишғол менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

 

 

 

Январь 4, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд