Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 16 кишвари хориҷӣ парвозҳои ҳавоӣ ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 16 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Ҳиндустон, Олмон, Эрон, Покистон, Чин, Кувайт, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Миср парвозҳо ташкил карда шуданд. Дар ин хусус 28 январ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назаразода зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами мустақими 21 ширкати ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ: «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр», 5 ширкати ҳавопаймоии Русия «Уральские авиалинии», «Северный Ветер», «Сибирь», «ЮТэйр», «Ямал» ва 14 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ – «China Southern Airlines», «Chengdu Airlines», «Loong Airlines», «Varesh Airlines», «Raimon Airways», «Kish Airlines», «Uzbekistan Airways», «Centrum Air», «AZAL», «Air Astana», «Jazeera Airways», «Fly Dubai», «Turkish Airlines», «Asman Airlines» ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазам барои мавсими ИАТА «Зимистон 2025-2026» аз 26 октябри соли 2025 то 28 марти моли 2026 бо зичии умумии 271 парвоз дар як ҳафта, аз ҷумла 93 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, 135 парвози ширкати ҳавопаймоии Русия ва 43 парвози дигар ширкатҳои хориҷӣ ба 53 самт, аз ҷумла дар 5 самти маҳаллӣ, 28 самти Русия ва 20 самт ба дигар кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси таъйиноти мунтазам парвозҳоро аз/ба 4 фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва 5 фурудгоҳи маҳаллӣ — Хоруғ, Панҷакент, Рашт, Ховалинг ва Ванҷ иҷро менамоянд, тасдиқ гардидааст.
Дар давраи соли 2025 барои мавсими Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ «Зимистон 2025-2026» лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо зичии 82 парвоз дар як ҳафта ба 24 самти байналмилалӣ (аз ҷумла, 12 самт ба Русия ва 12 самт ба дигар кишварҳои хориҷӣ тасдиқ гардида, парвозҳо ба 11 кишвари хориҷии дуру наздик- Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркия, Ҳиндустон, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Чин, ки дар асоси таъйиноти мунтазам аз/ба фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд иҷро мегарданд, ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра инчунин лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба 10 кишвари хориҷӣ- Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Туркия, Эрон ва Чин дар асоси таъйиноти мунтазами парвозҳо аз/ба фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар тасдиқ гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад






