Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид

Январь 28, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба 48 ҳазору 102 киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2025 теъдоди парвозҳои транзитӣ дар маркази ноҳиявӣ ва маркази ноҳиявии ёрирасон 24 ҳазору 466 ададро ташкил дод.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 дар Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баланди ҷаласаи ҳамоҳангсозии солонаи гурӯҳи минтақавии ICAO оид ба такмили хатсайрҳои ҳавоии минтақаи Шарқ таҳти унвони «RDGE-SSM/2025»-ро баргузор намуд.

Дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҳамоиш аз ҷониби «Тоҷикаэронавигатсия» нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия баланд бардошта, талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботи мақомоти танзимкунандаи байналмилалии соҳа таъкид менамояд. Соли 2025 инчунин лоиҳаи PBN дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пурра татбиқ гардид, ки барои ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) мутобиқ намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ мусоидат намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби корхона дар шаҳри Душанбе ҷаласаи фармоишгарони давлатии миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба «Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023–2026», ҷаласаи 64-уми Шурои байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Радионавигатсия» баргузор гардид. Ин афзоиши эътимоди шарикони соҳаро ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ таъкид намуд.

Дар доираи иқдоми роҳбарияти корхона вобаста ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи соҳавии онҳо ва рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик мутахассисони корхона дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификатҳои соҳавӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд