Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон мерасонад, ки аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи барорише, ки дар рӯйхати зер ба тариқи расм нишон дода шудааст, истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидаанд, онро баргардонанд.
Ба иттилои Агентии «Тоҷикстандарт», бинобар мутобиқат накардани маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дархости ширкати воридоткунанда фурӯш ва истеъмоли марҳилаи маҳсулоти гуфташуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад.
Дар робита ба ин масъала кормандони Нозироти савдои агентӣ бо намояндагони ширкати воридоткунандаи ин маҳсулот корбариро оғоз намудаанд. Аз натиҷаи он агентӣ рӯзҳои наздик гузориш медиҳад.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






