Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид

Январь 24, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони  «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» машғулияти ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории машғулият муайян намудани дурнамои бунёд ва рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ дар китобхонаҳои  мамлакат, ба амал овардани тағйироти сифатӣ, мутобиқ гардонидани фаъолияти китобхонаҳо бо ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ талаб менамояд. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Иштирокдорон иброз намуданд, ки  Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нав барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ шароит фароҳам овард, ки арзишҳою анъанаҳои мавҷудаи соҳаи китобдорӣ ва меъёрҳои китобдорӣ такмил дода шаванд.

Дар ҷараёни машғулият масоили такмил додани механизмҳои фаъолияти китобхонаҳо, тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ ва илмию методӣ дар соҳаи китобдорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода   шуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард