Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 18 озмоишгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Институти физикаю техника 1 озмоишгоҳ, дар Институти химия 4 озмоишгоҳ, дар Институти биологияи Помир 2 озмоишгоҳ, дар Институти забон ва адабиёт 1 озмоишгоҳ, дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология 2 озмоишгоҳ, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ 1 озмоишгоҳ, дар Маркази омӯзиши пиряхҳо 2 озмоишгоҳ, дар Маркази илмии Хуҷанд 2 озмоишгоҳ ва дар Маркази инноватсионии Тоҷикистону Чин 3 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.
Инчунин аз ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академия дар 9 пойгоҳи сейсмикии ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷҳизоти замонавӣ насб гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






