Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маъалаҳои пешгирии омилҳои хурофотӣ, тафаккури ифротӣ, бегонапарастӣ, хотима бахшидан ба истеъмолу паҳни воситаҳои нашъадор, махсусан ҳабҳои экстазӣ, психотропӣ, мадҳушкунанда ва барҳам додани муноқишаҳо бо истифода аз корд дар байни наврасону ҷавонон зимни вохӯрӣ бо мураббиёни муассисаҳои варзишӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб баррасӣ гардиданд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи вохӯрӣ таҳкими ҳамкории милитсия бо насли наврасу ҷавон, ташкили фазои солими ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботу оромӣ дар шаҳри Кӯлоб арзёбӣ гардид.
Иброз шуд, ки мақомоти марбутаи давлатӣ барои ҳалли дархостҳои ҷавонон пайваста омода буда, барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи дастгирии ҷавонон тамоми чораҳои заруриро таҳия ва амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, хурофотпарастӣ ва ифротишавии мафкураи насли наврас ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроту омилҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ муҳим ва зарур мебошанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, мутаассифона, ҳанӯз ҳам омилҳои халалдоркунандаи тартиботу амнияти ҷамъиятӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Дар ин самт коршиносон аксаран сабаби ба ҷиноят даст задани онҳоро ҳамчун бемасъулиятии волидайни наврасону атрофиёнашон ва бекор мондани ноболиғон маънидод менамоянд.
Коршиносон инчунин яке аз омилҳои содиршавии ҷиноятҳо дар байни наврасону ҷавононро паҳншавии густурдаи бозиҳои компютерӣ медонанд. Иброз медоранд, ки истифодаи бозиҳои компютерӣ, бахусус он навъҳое, ки дорои унсурҳои зӯроварӣ, таҷовузкорӣ ва беқадргардонии арзишҳои ахлоқию инсонианд, ба рафтори иҷтимоии ҷавонон ва наврасон таъсири манфӣ мерасонанд ва метавонанд яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо гарданд. Истифодаи мунтазам ва беназорати чунин бозиҳо боиси коста гардидани назорати худидоракунӣ, паст шудани сатҳи ҳисси масъулиятшиносӣ, одат кардан ба истифодаи зӯроварӣ ҳамчун меъёри муқаррарии рафтор ва заифшавии арзишҳои ахлоқӣ мегардад. Дар баробари ин, вобастагии равонӣ ба муҳити маҷозӣ метавонад муносибатҳои воқеии иҷтимоиро маҳдуд намуда, эҳсоси бетафовутӣ ба қонун ва меъёрҳои ҷамъиятию ахлоқиро таҳким бахшад.
Аз ин рӯ дар шароити набудани назорати муассири оилавӣ, таҳсилӣ ва иҷтимоӣ паҳншавии бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ, таҷовузкорӣ ва ғайриахлоқӣ метавонад яке аз омилҳои ғайримустақими афзоиши каҷрафторӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан дар байни гурӯҳҳои синну соли осебпазир бошад.
Бояд гуфт, ки пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон- ин маҷмуи чорабиниҳои дастҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ мешавад.
Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки «мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳама масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи он ва бо рафтору гуфтори намунавӣ собит сохтани муҳаббати худ нисбат ба Ватан даъват менамоянд.
Аз ин рӯ ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона карда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва азхуд намудани илму дониш машғул шаванд. Зеро Ҳукумати мамлакат барои наврасону ҷавонон тамоми шароитро фароҳам овардааст, то онҳо соҳибмаълумот гардида, дар пешрафти мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






