Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад

Январь 10, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ  Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои варзишии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои баргузории ин чорабинии варзишӣ масъул гардидаанд.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо мақсади эҳё, рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки бо мусоидати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 сентябри соли 2016 дар заминаи баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ нахустин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (намоишӣ) дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш (мусобиқа) — гӯштини миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр), шоҳмот, бандкашӣ ва аз рӯи 10 намуд бозиҳои намоишӣ – хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалахмонбозӣ, ҳойталак ва бандпарак дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд