Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад

Январь 7, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  16 декабри соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия карда шавад.

Соҳаи аграрӣ дар Тоҷикистон чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавқеи устувор дорад. Коршиноси соҳаи кишоварзии мамлакат Баҳодур Назарзода иброз намуд, ки муҳимтарин вазифаи соҳаи кишоварзӣ таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи он соҳаи кишоварзии мамлакат рушд намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад.

Ба андешаи масъулони соҳаи кишоварзӣ, ин қонун самтҳои асосии дастгирии давлатӣ, истифодаи оқилонаи замин ва об, татбиқи технологияҳои муосири аграрӣ ва мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлимро муайян менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки рушди устувори мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум ба беҳбуди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.

Баҳодур Назарзода иброз дошт, ки барои пешбурди сиёсати агарӣ дар мамлакат бояд мақомоти марбута ва вазорату идораҳои дахлдор якҷоя талош намоянд, то дар шароити тағйирёбии иқлим, камобӣ, рақобати бозор ва ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ таъмин намоянд.

Иброз гардид, ки дар айни замон барои таъмини амнияти озуқаворӣ муосирсозии инфрасохтори обёрӣ, таҷдиди шабакаҳои ирригатсионӣ, амалӣ кардани технологияҳои каммасраф ва рушди усулҳои обёрии қатрагӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва истифодаи васеи технология бояд бештар гардад. Зеро амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ба таҳлили коршиносони соҳа, таҳияи лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ қадами муҳим дар рушди соҳаи кишоварзӣ буда,  ба баланд бардоштани устуворӣ ва рақобатпазирии кишоварзии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2008 Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тавре дар ин санад омадааст, сиёсати аграрӣ баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ, бо озуқа ва ашёи хом таъмин намудани саноати коркарди маҳсулоти соҳа, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимоя намудани молистеҳсолкунандагони комплекси агросаноатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мебошад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки сохтори аграрӣ — таносуби унсурҳои иқтисодӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ дар соҳаи аграрӣ мебошад, ки бо қонунгузории аграрӣ, зудамалии омилҳои истеҳсолӣ, мушаххасоти истеҳсолоти кишоварзӣ, шароити меҳнат ва зисту зиндагии аҳолӣ муайян гардидааст.

Яъне, мақсади сиёсати аграрӣ таъмин намудани инкишофи тамоми соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуқавории системаи бехатарии миллии ҷумҳурӣ иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».

Ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои соҳаи кишоварзӣ сол то сол бештар мегарданд. Зеро соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 7, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад