ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муқаррар гардидааст.
Коррупсия дар роҳи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат монеаи ҷиддӣ эҷод карда, боварии ҷамъиятро нисбат ба давлат ва воҳидҳои таркибии он коста менамояд, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф гаштани асосҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Аз ҳама муҳим, коррупсия яке аз унсурҳои асосии таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ маҳсуб шуда, суботу оромии ҷомеаро халалдор мекунад. Дар замони имрӯза ягон давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз хавфу хатари ин зуҳуроти номатлуб эмин нест.
Аз ин лиҳоз, масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пайваста амалигардонии чораҳои мақсаднокро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба роҳ мемонад.
Аз ҷумла, баъди ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, ки ба соли 2006 рост меояд, бо мақсади расман вусъат бахшидани муборизаи низомнок ва ҳамоҳангшуда бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати давлатии молиявӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсис ва ташаккули мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори давлатӣ натиҷаи соҳибистиқлолии мамлакат ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Фаъолияти агентӣ ҳамчун мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони ин ниҳод дар низоми давлатдории мамлакат пурсамар арзёбӣ мегардад.
Соли равон ба таъсиси ин ниҳод 19 сол пур шуд. Ниҳоде, ки дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷодаи мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти иқтисодии давлат, ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар низоми дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нуфузу эътибори хосса дорад.
Таъсис додани чунин мақомоти махсус ва дар муддати кӯтоҳ фароҳам овардани тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он нишонаи сиёсати қатъии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Барои ба танзим даровардани фаъолияти ин мақомот 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолияти ин агентиро муқаррар менамояд.
Тибқи моддаи 1-и ин қонун Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ва иҷрои дигар вазифаҳоро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад.
Нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти ин агентӣ, ки ҳамасола мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дода мешаванд, собит менамоянд, ки ин ниҳод аз уҳдаи иҷрои вазифаю масъулияти бар зиммааш гузошта сарбаландона баромада, дар таъмини сиёсати зиддикоррупсонии мамлакат ва мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии мамлакат нақши созгор дорад.
Кормандони мақомот оид ба таъмини истифодаи самараноки маблағу амволи давлатӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳо, тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, ҳамзамон бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда мунтазам тадбирҳои муассир андешида, давоми фаъолият зина ба зина ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ба фароҳам овардани мустақилияти зарурӣ барои ин ниҳоди навтаъсис, ки тавонад вазифа ва уҳдадориҳоро самаранок ва бе таъсири номатлуб иҷро намояд, аҳамияти махсус дода мешавад. Дар давраи амали он беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳо, барномаю стратегияҳои зиддикоррупсионӣ таҳия, тасдиқ ва қабул карда шуданд.
Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корию хизматӣ ва маишию варзишӣ тамоми воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот бо биноҳои хизматӣ таъмин гардиданд. Соли 2019 дар маркази шаҳри Душанбе барои кормандони дастгоҳи марказӣ, соли 2020 барои кормандони шуъбаи минтақавии агентӣ дар водии Зарафшон, солҳои 2024 ва 2025 барои кормандони раёсати агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шуъбаи минтақавии агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор биноҳо бо тамоми шароити корӣ ба истифода дода шуданд. Ин биноҳои зебою барҳаво шаҳодати ғамхорию дастгириҳои ҳамешагӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои муқовимати самаранок бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муваффақияти зиёд ба даст овардааст.
Метавон гуфт, ки чораҳои зиддикоррупсионии дар мамлакат татбиқшаванда марҳила ба марҳила ба паст кардани шиддати коррупсия кумак расонида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муқовимат бо ин зуҳуроти зараровар шароити мусоид фароҳам меоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад






