Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир» машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар ҳамоиш олимон ва коршиносони соҳа ҷамъ омада, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти стратегӣ ва таҳқиқотии ин ҳуҷҷати муҳимро таъкид намуданд.
Иштирокдорон дар мавзуъҳои «Инъикоси масъалаҳои хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷанбаҳои иқтисодӣ ва рушди он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши кибернетика дар сиёсати Пешвои миллат», «Сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» ва «Масъалаҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити мураккаби геополитикӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои асосии рушди устувори давлатдорӣ хизмат мекунад. Ҳар маъруза нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои муҳими стратегияи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро равшан намуд.
Машварати илмӣ-назариявӣ дар маҷмуъ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва коршиносон имконият фароҳам овард, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро аз ҷиҳати стратегӣ, иқтисодӣ ва илмӣ таҳлил намуда, нақши онро дар рушди устувори ҷумҳурӣ дар шароити ҷаҳони муосир дарк намоянд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






