Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд

Январь 5, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 539 километр роҳҳо мумфаршм, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 2588,6 километр ба маблағи умумии 341,4 миллион сомонӣ роҳҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ ва 156 пул ва қубурҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, «мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирӣ ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2025 роҳи автомобилгарди Данғара — Бохтар ба масофаи 68,8 километр мавриди истифода қарор гирифта, ба таҷдиду навсозии роҳҳои Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор санги асос гузошта шуд. Дар айни замон дар ин иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 5, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд